Want to create interactive content? It’s easy in Genially!

Get started free

КОРТҲОИ МАЪРИФАТИВУ ҲУҚУҚӢ

Хусрав Ульмасов

Created on June 15, 2021

Start designing with a free template

Discover more than 1500 professional designs like these:

Modern Presentation

Terrazzo Presentation

Colorful Presentation

Modular Structure Presentation

Chromatic Presentation

City Presentation

News Presentation

Transcript

Корти маърифативуҳуқуқӣ

Лоиҳаи "БИДОН, КИ ЧИРО НАФАС МЕКАШӢ"

Ба пеш

Боргирӣ (скачать)

Каталогҳо

Боргирӣ (скачать)

ҲАДАФИ ЛОИҲАИ «БИДОНЕД, БО ЧӢ НАФАС МЕКАШЕД» — ҒАНИГАРДОНИИ ДОНИШИ ҶАВОНОН ВА АҲОЛӢ ДАР БОРАИ МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГӢ, ХУСУСАН СИФАТИ ҲАВО ТАВАССУТИ ЧОРАБИНИҲОИ ИТТИЛООТӢ, ТАЪЛИМӢ ВА АМАЛӢ, КИ БА ТАБЛИҒ ВА ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГИИ ШАҲР, ТАҲКИМИ ҲАМКОРӢ РАВОНА ШУДААНД БАЙНИ ҶОМЕА ВА МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ.

Корти 8

Асосӣ

Корти 4

Корти 5

Корти 1

Корти 9

Корти 10

Корти 2

Корти 6

Истинодҳо (ссылки)

Корти 3

Корти 7

Асосӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7-8, мод. 614; с. 2014, №11, мод. 669; Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 с., №1449) Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, кафолатҳои ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст.

Ба қафо

Корти 1

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд: - муҳити зист - муҳити зисти инсон, маҷмӯи ҷузъиёти муҳити табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиии антропогенӣ, инчунин объектҳои антропогенӣ; - объекти антропогенӣ - объекте, ки инсон барои таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоии худ сохтааст ва он дорои хусусиятҳои объектҳои табиӣ намебошад; - гуногунии биологӣ - шаклҳои гуногуни организмҳои зиндаи мансуб ба ҳама манбаъҳо, аз ҷумла, экосистемаҳои заминӣ ва обӣ ва комплексҳои экологӣ, ки организмҳои зинда ҷузъи онҳо мебошанд; мафҳуми мазкур гуногуниро дар доираи намуд, байни намудҳо ва гуногунии экосистемаҳо дар бар мегирад; - муҳити зисти мусоид - муҳити зисте, ки сифати он фаъолияти устувори системаҳои экологии табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиии антропогениро таъмин менамояд; - зарар ба муҳити зист – тағйирёбии номатлуби ҳолати муҳити зист дар натиҷаи ифлосшавии он, ки ба таназзули системаҳои экологӣ ва коҳишёбии захираҳои табиӣ сабаб мегардад; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) - парки дендрологии давлатӣ - гурӯҳи растаниҳое, ки арзиши илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, намудҳои табиии набототи боғу гулгаштҳо (паркҳо); - моддаи ифлоскунанда - модда ё омехтаи моддаҳое, ки миқдор ва (ё) таркиби онҳо аз меъёри барои моддаҳои кимиёвӣ, аз ҷумла радиоактивӣ, дигар моддаҳо ва микроорганизмҳо муқарраргардида зиёд мебошад ва ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд; - ифлосшавии муҳити зист - воридшавии моддаҳои эҳтимолан хатарноки кимиёвӣ ва биологӣ, моддаҳои радиоактивӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба муҳити зист, инчунин таъсири садо, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсири манфии физикӣ ба муҳити зист;

Ба қафо

Корти 2

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

Ба қафо

Корти 3

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур муносибатҳои марбут ба алоқамандии мутақобилаи ҷамъият ва муҳити зистро дар раванди фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зисти ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд, танзим менамояд. 2. Масъалаҳои ҳифз ва истифодаи замин, қаъри замин, об, ҳавои атмосфера, олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла гуногунии биологӣ, ҷангалҳо, инчунин объектҳои муҳити атрофи дорои арзиши махсуси экологӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, мавзеъҳои табиии махсус ҳифзшавандаро дар қисмате, ки дар Қонуни мазкур танзим намегарданд, қонунҳои дахлдор ва қонунҳои дигари дар асоси он амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медароранд. (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) 3. Муносибатҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист дар қисмати барои таъмини бехатарии санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ зарурро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таъмини муҳити зисти барои инсон мусоид нигаронида шудаанд, ба танзим медароранд.

Ба қафо

Корти 4

Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ, иҷтимоиву инфрасохторӣ ва дигар тадбирҳои таъсиррасонии давлатӣ мебошанд, ки ба таъмини ҳифз ва истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои об ва замин, сарватҳои зеризаминӣ, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар захираҳои табиӣ барои манфиати халқ равона карда шудаанд. (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) 2. Барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист системаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки он ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон барои муҳити зисти солим ва мусоид нигаронида шудааст. (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) 3. Асоси ташкили сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла консепсия, барнома, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист иборат мебошанд. (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

Ба қафо

Корти 5

Моддаи 5. Принсипҳои асосии ҳифзи муҳити зист

Фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба муҳити зист таъсир мерасонанд, дар асоси принсипҳои зерин анҷом дода мешавад: (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) - таъмини волоияти Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) - афзалияти ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, риояи ҳуқуқи он ба муҳити мусоиди зист; - барқарор сохтан ва нигоҳ доштан, истифодаи устувор ва оқилонаи муҳити зист бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, таъмини муҳити мусоиди зист барои кору истироҳати аҳолӣ; - пайвасти илман асосноки манфиатҳои ҳуқуқӣ, экологӣ, иқтисодию иҷтимоии инсон, ҷамъият ва давлат, андешидани чораҳои самаранок бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор; - музднок будани истифодабарии захираҳои табиӣ ва ҷуброни зарари ба муҳити зист расонидашуда; - мустақилияти назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; - эҳтимолияти хатари экологии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти ба нақша гирифташаванда; - арзёбии таъсир ба муҳити зист ҳангоми қабули қарорҳо оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият; - афзалияти нигоҳдории системаҳои экологӣ, ландшафт ва комплексҳои табиӣ; - имконпазирии таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити табиӣ, аз ҷумла гуногунии биологӣ, бо назардошти талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) - ҳатмӣ будани иштироки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳои ғайритиҷоратӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист;

Ба қафо

Корти 6

Моддаи 6. Объектҳои ҳифзи муҳити зист

1. Аз ифлосшавӣ, вайроншавӣ, осеб дидан, камшавӣ, харобшавӣ ва дигар таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ инҳо ҳифз карда мешаванд: - замин, қаъри он, хок; - обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ; - ҳавои атмосфера, қабати озонии Замин; - олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла гуногунии биологӣ, тамоми намудҳои ҷангал, инчунин фонди генетикии онҳо. (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) 2. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, аз ҷумла биосферӣ, минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ), парваришгоҳҳои табиии давлатӣ, ёдгориҳои табиӣ, паркҳои табиӣ, миллӣ ва дендрологӣ, боғҳои ботаникӣ, дигар комплексҳо ва объектҳои табиӣ, ки моҳияти махсуси ҳифзи табиат, илмӣ, таърихию фарҳангӣ, эстетикӣ, истироҳатӣ ва тандурустӣ доранд, инчунин объектҳои олами набототу ҳайвоноти нодир ё зери хатари нобудшавӣ қарордошта, дигар организмҳо ва макони зисту сабзиши онҳо таҳти муҳофизати махсус қарор дода мешаванд. 3. Ба объектҳои муҳофизати махсус ҳамчунин минтақаҳои ташаккулёбии обҳои зеризаминӣ (водии дарёҳо, даҳанаи селроҳа, шелфи доманакӯҳҳо), бозёфтҳои нодири геологӣ ва ташкилаҳои минералогӣ, объектҳои палеонтологӣ ва дигар қитъаҳои қаъри замин, ки арзиши махсуси илмӣ, фарҳангӣ ва ғайра доранд, замини назди соҳил ва минтақаҳои ҳифзи объектҳои об, ҳавзҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ, қитъаҳои муҳофизатии ҷангалҳо ва дигар минтақаҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, мансубанд.

Ба қафо

Корти 7

Моддаи 7. Барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амал дар соҳаи ҳифзи муҳити зист (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

1. Барои ташкили фаъолияти мақсаднок ва пурсамар ҷиҳати таъмини сифати мусоиди муҳити зист, идоракунии устувор, таъмини амнияти экологӣ, татбиқи муқаррароти конвенсия ва созишномаҳои байналмилалии экологӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, барнома, консепсия, стратегия, дурнамо инчунин дар асоси онҳо нақшаҳои амал, ки тадбирҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи устувору оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, солимгардонии муҳити зистро барои ояндаи дарозмӯҳлат пешбинӣ менамоянд, таҳия карда мешаванд. Бо мақсади аз байн бурдани такрори айнан як фаъолият ва беҳтар истифода бурдани имкониятҳо нисбати ду ва зиёда конвенсия ва созишномаҳои байналмилалии экологӣ, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амали ягона таҳия карда мешаванд. (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) 2. Барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амали давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо иштироки вазорату идораҳои манфиатдор, инчунин аҳли ҷомеа таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд. (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) 3. Нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист бо назардошти дурнамоҳои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва дар асоси тадқиқотҳои илмие, ки ба ҳалли масъалаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист равона гардидаанд, таҳия карда мешаванд. 4. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти ба муҳити зист таъсири манфӣ расонандаро анҷом медиҳанд, вазифадоранд чорабиниҳои ҳифзи муҳити зистро бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гиранд ва амалӣ гардонанд.

Ба қафо

Корти 8

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист инҳоянд: - пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) - муқаррар намудани тартиби таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист нисбати фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият; - ҳавасмандгардонии кашфиёт ва тадқиқоти илмӣ, илмии техникӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии экологӣ ва идоракунии устувори истифодаи табиат, аз байн бурдан ва пешгирӣ кардани коҳиши муҳити зист; - муқаррар намудани андоза ва тартиби ситонидани пардохти маблағҳо барои истифодабарии захираҳои табиӣ; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) (Сархати 5 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) - муайян намудани тартиб ва шартҳои суғуртаи ҳатмии экологии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; - муайян намудани тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ ва расмиёти арзёбии таъсири фаъолияти ба нақша гирифташаванда ба муҳити зист; - қабули қарорҳо дар хусуси истифодаи захираҳои табиӣ, бастани шартномаҳо ва қарордодҳо, аз ҷумла консессияҳо; - тасдиқи барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳисобот ва гузоришҳои миллӣ оид ба ҳолати муҳити зист, инчунин нақшаҳои комплексии истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ, тартиби пешбурди кадастрҳои давлатии захираҳои табиӣ; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) - маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист дар доира ва ҳаҷми муқаррарнамудаи буҷети давлатӣ; - муқаррар намудани сохтор, мӯҳтаво ва тартиби мониторинги давлатии муҳити зист ва захираҳои табиӣ, ташаккули системаи давлатии мушоҳидаи вазъи муҳити зист ва таъмини фаъолияти ин система; - тасдиқи номгӯи гурӯҳҳои маҳсулот, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки бояд ҳатман стандартизатсия ва сертификатсия шаванд;

Ба қафо

Корти 9

Моддаи 9. Ваколати мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

1. Ба ваколати мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мансубанд: - татбиқи сиёсати давлатии экологӣ ва идоракунии комплексӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) - амалӣ сохтани назорати давлатии фаъолияти объектҳои хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, новобаста ба шаклҳои моликият ва мансубияти идоравӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи ахираҳои табиӣ; - таҳияи лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин назорати иҷрои онҳо; - таҳия ва тасдиқи меъёрҳо, регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) - таҳияи лоиҳаҳои барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳисобот ва гузоришҳои миллӣ оид ба ҳолати муҳити зист, инчунин нақшаҳои комплексии истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ, иштирок дар татбиқи онҳо; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) - ширкат дар таҳия ва татбиқи барномаҳои экологии байнидавлатӣ ва минтақавӣ; - ширкат дар амалисозии чорабиниҳои ҳифзи табиат ва дигар чорабиниҳое, ки барои беҳбуди вазъи муҳити зист андешида мешаванд, аз ҷумла дар минтақаҳои офати экологӣ; - ташкил ва гузаронидани экспертизаҳои давлатии экологии фаъолияти ба нақша гирифташаванда; - анҷом додани амалҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ба ҷавобгарии маъмурӣ ва дигар ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор; - ба суд пешниҳод намудани даъво дар хусуси ситонидани ҷарима, ҷуброни товони зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист расонида шудааст, ҳамчунин пардохти ҳатмии маблағҳо барои ифлос кардани муҳити зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он; - таҳияи пешниҳодҳо оид ба таъсиси мавзеъҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ, идора кардани чунин мавзеъҳо, назорати ҳифз ва истифодаи онҳо; - иштирок дар ташкил, татбиқ ва рушди маърифати экологӣ ва ташаккули фарҳанги экологӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ба қафо

Корти 10

Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ: - дар минтақаҳои дахлдор самтҳои асосии ҳифзи муҳити зисти табиӣ ва истифодаи захираҳои табииро муайян месозанд ва барномаҳои экологиро тасдиқ менамоянд; - хароҷоти ҳифз ва солимгардонии муҳити зистро дар буҷети маҳаллӣ тасдиқ мекунанд; - ҳисоботи роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳоро оид ба вазъи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиат мешунаванд; - дар доираи ваколати худ доир ба масъалаҳои солимгардонии муҳити зист, ҳифз, барқарорсозӣ ва оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ, ҳифзи объектҳои муҳити зисти дорои арзиши махсуси экологӣ, илмию фарҳангӣ қоидаҳои иҷрояшон ҳатмӣ қабул мекунанд. 2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ корҳои зеринро анҷом медиҳанд: - назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва танзими истифодаи захираҳои табиат; - таҳия ва татбиқи барномаҳо ва нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи табиат дар минтақаҳои марбута, сохтмон ва азнавсозии объектҳои ҳифзи муҳити зист; - пешниҳоди таклиф ба мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист дар хусуси ҳифзи объектҳои муҳити зист, ки дорои арзиши махсуси экологӣ, таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мебошанд, инчунин оид ба таъсиси мавзеъҳои махсус муҳофизатшаванда; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449) - таблиғи ҳифзи муҳити зист, анҷом додани корҳои тарбия ва ташаккули маърифати экологии аҳолӣ; - амалӣ сохтани дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба қафо

Муфассалтар дар истинодҳои (ссылка) зерин:

https://ygpe.tj/ekologicheskij-kodeks-rt/

http://mmk.tj/content/қонуни-ҷумҳурии-тоҷикистон-%C2%A0-дар-бораи-ҳифзи-муҳити-зист

Боргирӣ (скачать)

Ба қафо