Full screen

Share

Show pages

Ба пеш
3
Лоиҳаи "ОЗОДӢ - дар қафас"
Корти маърифативу
ҳуқуқӣ №

Want to create interactive content? It’s easy in Genially!

Get started free

КОРТҲОИ МАЪРИФАТИВУ ҲУҚУҚӢ 3

Хусрав Ульмасов

Created on February 2, 2021

Start designing with a free template

Discover more than 1500 professional designs like these:

Transcript

Ба пеш

Лоиҳаи "ОЗОДӢ - дар қафас"

Корти маърифативуҳуқуқӣ №

Корти 8

Корти 6

Корти 7

Корти 5

Корти 4

Корти 2

Корти 3

Корти 1

КОРТҲОИ МАЪРИФАТИВУ ҲУҚУҚӢ – ДАР ДОИРАИ АМАЛИШАВИИ ЛОИҲАИ «ОЗОДӢ — ДАР ҚАФАС» ТАҲИЯ ШУДА, ҲАМАИ МАВОДҲОИ ДАР КОРТ БУДА, ОИДИ “ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА” АЗ КОДЕКСУ ҚОНУНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГИРИФТА ШУДААСТ, БАҲРИ ШУМО ПЕШКАШ МЕНАМОЕМ.

Каталогҳо

Ба қафо

Корти 1

Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд. Ақди никоҳҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то 19 декабри соли 1929 мувофиқи расму оини динӣ ба ҷо оварда шудаанд, бо ақди никоҳҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудаанд, баробар мебошанд. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

Моддаи 10. Ақди никоҳ Ақди никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баста мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

Ба қафо

Корти 2

1.Қайди бастани ақди никоҳ бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба ҷо оварда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183); ҚҶТ аз 26.12.11с., №791) Дар сурати аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ рад кардани бақайдгирии никоҳ шахсоне, ки хоҳиши никоҳ кардан доранд (яке аз онҳо), метавонанд ба суд арз намоянд. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

Моддаи 11. Тартиби бастани ақди никоҳ (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

Ба қафо

Корти 3

1. Барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳӣ доштани онҳо зарур аст. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №710) Дар сурати мавҷуд будани монеаҳои дар моддаи 14 ҳамин Кодекс зикрёфта ақди никоҳ баста намешавад.

Моддаи 12. Шартҳои ақди никоҳ

Ба қафо

Корти 4

Синни ақди никоҳӣ аз ҳаждасолагӣ муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с., № 613) Дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳи дар ҳамин модда барои марду зан муқарраршударо ба мӯҳлати на бештар аз як сол кам кунад. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №710)

Моддаи 13. Синни никоҳӣ

Ба қафо

Корти 5

Ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст: - байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда қарор дошта бошад; - байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ) (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791) - байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ӯгай (ки аз як падар ё модаранд); – байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290); – байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290); – байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290); – байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1290);

Моддаи 14. Ҳолатҳое, ки монеаи бастани ақди никоҳ мегарданд (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

Ба қафо

Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рўзи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар китоби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар суд, аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд қатъ мегардад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183) Бекор кардани ақди никоҳ дар суд бояд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд, мувофиқи тартиби барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Бекор кардани ақди никоҳ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш барои шахсони сеюм эътибори ҳуқуқӣ дорад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

Корти 6

Моддаи 25. Лаҳзаи қатъ гардидани ақди никоҳ ҳангоми талоқ

Ба қафо

Корти 7

Молу мулкие, ки зану шавҳар дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад. Даромаде, ки зану шавҳар дар натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнӣ ба даст овардаанд, нафақа, ёрдампулӣ ва пардохтҳои дигари пулии гирифтаашон, ашёҳои харидаашон, қоғазҳои қиматнок, саҳмия, пай ва ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқули дар давоми заношӯӣ ҷамъкардаашон, сарфи назар аз он, ки ба номи кадоме аз зану шавҳар харида шудааст (ё маблағ гузаронида шудааст), моликияти муштараки онҳо ҳисоб мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

Моддаи 34. Моликияти муштараки зану шавҳар

Ба қафо

Корти 8

Молу мулки ба ҳар як ҳамсар тааллуқдоштаро метавон моликияти муштараки онҳо донист, агар муқаррар гардад, ки дар давоми заношӯӣ аз ҳисоби молу мулки умумии зану шавҳар ё молу мулки шахсии зан ё шавҳар ва ё меҳнати ӯ саҳме гузошта шудааст, (таъмири асосӣ, азнавсозӣ, азнавҷиҳозонӣ ва ғайра), ки дар натиҷаи он арзиши молу мулки ба ҳар кадоме аз зану шавҳар тааллуқдошта хеле афзудааст, агар дар аҳдномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 37. Моликияти муштараки зану шавҳар донистани молу мулки ҳар кадоми онҳо

Next page

genially options

Show interactive elements